Ҳайати мушовараи Суди шаҳри Душанбе Суҳроб Ҳасановро барои таблиғи наворҳои видеои созмони террористии “Давлати исломӣ” (фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшуда) муҷозот кард.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Суди шаҳри Душанбе, Суҳроб Ҳасанови 28-сола аз ақидаву ҳадафҳои ин созмони террористӣ ҷонибдорӣ намуда, онро байни ҷавонон паҳну таблиғ мекардааст.
“Бо намоиши видеороликҳои созмони террористии мазкур у гурӯҳи ноболиғонро ба иштирок дар амалиёти ҷангӣ даъват кардааст”, - иттилоъ медиҳад хадамоти матбуот.
Қайд мешавад, ки тариқи барномаи «ShareIt» ӯ наворҳои видеоро дар бораи амалиёти ҷангии аъзои созмони террористӣ ба телефонҳои наврасон ирсол мекардааст.
“Рӯзи 23 марти соли 2018 Суҳроб Ҳасанов ҳамроҳи ду ноболиғ - Мустафо Қурбонов ва Ҳабибулло Давлатов ҷиҳати иштирок дар “ҷиҳод” ба Афғонистон роҳ пеш мегиранд, лекин дар роҳ ба самти сарҳад бемории ҷоғари Мустафо Қурбонов авҷ гирифта, ба Душанбе бармегарданд”, - қайд мешавад дар хабар.
Суҳроб Ҳасанов ва чор нафар наврасон моҳи сентябри соли гузашта ҳангоми кӯшиши такроран гузаштани сарҳади Тоҷикистону Афғонистон боздошт шуданд.
Нисбати Суҳроб Ҳасанов бо чор моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон - 401 (Зархаридӣ), 307 (Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ), 335 (Ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Тоҷикистон) ва 32 (Тайёрӣ ба ҷиноят, суқасди ҷиноят) парвандаи ҷиноятӣ боз шуд.
Бо қарори ҳайати мушовара (коллегия)-и Суди шаҳри Душанбе Суҳроб Ҳасанов ба 14 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шуд. Дар бораи дигар наврасони боздоштшуда маълумот дода намешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста