Аз 30 май то 31 июн дар шаҳри Тошканд ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад.
Дар ҷаласа баррасии ҳафт масъалаи марбут ба амалисозии барномаҳои байнидавлатӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва дигар самтҳои муҳими ҳамкории байниидоравӣ дар назар аст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Аз ҷумла ин масъалаҳо иборатанд аз баргузор намудани чорабиниҳои маҷмӯавии мувофиқашуда ва муштараки фаврӣ ва пешгирии мубориза бо ҷинояткорӣ ва ташкили механизмҳои амалии ҳамкории мутақобилаи байнидавлатӣ дар соҳаи фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва ғайра.
Тоҷикистонро дар ҷаласаи Шӯрои мазкур вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода намояндагӣ мекунад.
Дар ҷараёни кори ҷаласа ҳамчунин қабули Консепсияи ҳамкории Вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ то соли 2030, баррасии ҷараёни таҳияи Созишнома дар бораи ҳамкории мутақобила оид ба масоили расмиёти шаҳодатномаи бозгашт ба шахсони мавриди ихроҷи маҷбурӣ ва дигар масоили муҳим ба нақша гирифта шудааст.
Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ соли 1996 таъсис ёфта, ба ҳайати он вазирони корҳои дохилии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Россия Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Украина шомиланд. Намояндагони Туркманистон дар ҷаласаҳои ҷудогонаи ин шӯро иштирок мекунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста