Сарбози қатории Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон Достон Саидовро суди ҳарбии гарнизони Душанбе дар содир намудани ҷиноят бо аломатҳои моддаи 373 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) гунаҳкор эътироф намуда, ба як соли зиндон маҳкум кард.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз суди ҳарбӣ иттилоъ дод, сарбоз моҳи марти соли 2018 ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаалаҳи Тоҷикистон даъват шудааст.
Бино ба гуфтаи манбаъ, шоми рӯзи 16 апрели соли ҷорӣ Достон Саидов дар ҳоҷатхонаи қисми ҳарбӣ ҳамхизматаш Ҷ.Тӯйчиевро лату кӯб ва таҳқир кардааст.
Зимнан зикр гардид, ки мувофиқи ташхиси судиву тиббӣ, дар натиҷа Ҷ.Тӯйчиев ҷароҳатҳои сабуки ҷисонӣ бардоштааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста