Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон сардори шуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии Комиссарияти ҳарбии вилояти Суғд Рустамҷон Ғойибовро ба гумони даст доштан ба қаллобӣ боздошт намуданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентӣ, ӯ бо маслиҳати пешакӣ бо духтури Маркази саломатии №4 шаҳри Хуҷанд И.Дониёров бо ваъдаи озод намудани ҷавони маҳаллӣ аз хизмати ҳарбӣ дар ду ҳолат аз ӯ 700 доллари ИМа ва 400 сомонӣ маблағ гирифтаанд.
Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолатҳои зикргардида нисбати Ғойибов Р.Б. ва Дониёров И.А. бо моддаи 247 КҶ ҶТоҷикистон (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста