Муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, дар зиндонҳои Душанбе ягон кӯшиши роҳандозии ошӯб ба қайд гирифта нашудааст, изҳор доштанд ба “Азия-Плюс” дар қабулгоҳи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон.
“Ҳеҷ гуна кӯшиши сар задани ошӯб вуҷуд надошт ва надорад, дар ҳеҷ кадоме аз зиндонҳои шаҳр тадбирҳои амният пурзӯр карда нашуда, ҳамаи муассисаҳои ислоҳии кишвар бо реҷаи маъмулӣ кор мекунанд”, - қайд кард намояндаи Сарраёсат.
Қаблан бо истинод ба як манбаъ дар Сарраёсати мазкур Радиои Озодӣ хабар дод, ки мақомот ҳудуди 20 маҳбуси зиндони рақами яки шаҳри Душанберо "барои омодагӣ ба ошӯб" айбдор кардаанд.
“Ҳоло 20 зиндонӣ дар боздоштгоҳи алоҳида нигаҳдорӣ мешаванд ва нисбат ба онҳо тафтиш ҷараён дорад. Ин гурӯҳи маҳбусон барои анҷоми як ошӯби монанд ба ошӯби зиндони шаҳри Ваҳдат омодагӣ медиданд. Аз махфигоҳе дар дохили маҳбас оҳанпораҳо барои ҳамла мусодира шудааст. Ин гурӯҳ дар гузашта барои узвият дар созмонҳои тундрав ба солҳои тӯлонӣ ҳукми зиндон гирифта буданд”, - гуфтааст манбаъ.
Гуфта мешавад, нақшаи ин маҳбусон барои анҷоми ошӯб, ба гуфтаи мақомот, пас аз ҳодиса дар зиндони шаҳри Ваҳдат, ки дар ҷараёни он 29 маҳбус ва се нозири зиндон кушта шуданд ва "дар натиҷаи тафтиши фарогир" ошкор ва аз амалӣ шудани он пешгирӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, зикр мегардад, ки дар маҳбаси рақами ҳафт воқеъ дар Душанбе низ гурӯҳе барои омодагӣ ба ошӯб гумонбар шудаанд.
“Айби инҳо пурра тасдиқ нашудааст, вале муфаттишон мегӯянд, далел пайдо кардаанд. Ҳатто “амирон”-и гурӯҳ низ боздошт шудаанд”, - иброз доштааст манбаъ.
Зимнан зикр мегардад, ки шахсияти ин зиндониён, ки гӯё ба ошӯб омодагӣ дидаанд, маълум нест. Тасдиқ ё инкори ин айб аз худи зиндониён ва ё пайвандони онҳо то ҳанӯз дастрас нест.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста