Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон хоҳиш намудааст, ки дар дастгир намудани ҷинояткори касбӣ ва хавфнок кумаку мусоидат намоянд.
Зодаи шаҳри Душанбе, Акмал Алиматови 31-сола мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст, хабар медиҳад сомонаи расмии милитсияи пойтахт.
Ин шахс қаблан дар Тоҷикистону Русия барои содир намудани ҷиноятҳои авбошӣ, ғайриқонунӣ гузаштани сарҳади давлатӣ, роҳзаниу ғоратгарӣ маҳкум шудааст.
Гуфта мешавад, айни замон номбурда барои содир намудани ҷинояти махсусан вазнини муқобили саломатии инсон равонагардида гумонбар дониста шуда, дар ҷустуҷӯ қарор дода шудааст.
“Вобаста ба ин, мақомоти милитсияи пойтахт аз кулли шаҳрвандон хоҳиш менамояд, агар нисбати ин шаҳрванд ягон иттилое доранд, ба рақамҳои телефони боварии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 221-15-00 ва ё милитсияи маҳалли зисти худ (02) хабар диҳанд”, - омадааст дар маълумоти РВКД Душанбе.
Зимнан зикр мегардад, ки шаҳрвандоне, ки барои дастгир намудани ин ҷинояткори хавфнок мусоидат мекунанд, мукофотонида мешаванд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста