Нимаи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ барои тарбияи нодурусти фарзандон нисбати 103 нафар падару модарон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Онҳо асосан ба монеъагузорӣ дар таҳсили фарзандон ва дар синни ноболиғӣ ба шавҳар додани духтаронашон гумонбар дониста мешаванд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Прокуратураи генералии Тоҷикистон.
Барои монеъ шудан ба таҳсили фарзандон мувофиқи меъёрҳои Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон шахс метавонад ба муҳлати ду сол аз озодӣ маҳрум шавад. Тибқи моддаи 168 КҶ Тоҷикиситон (Ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳ нарасида) волидон бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол, маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё ҳабс ба муҳалти то шаш моҳ ҷазо дода мешаванд.
Давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ барои риоя накардани меъёрҳои қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 2 ҳазору 230 нафар волидон ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шудаанд.
Барои зери назорат надоштани ба дарсҳо ҳозир шудани фарзандон, вақти шабона ба марказҳои комютерӣ рафтан ва оворагардии онҳо ҳар кадоме аз падару модарон ба маблағи 165 сомонӣ ҷарима шудаанд.
Дар ин давра барои риоя накардани меъёрҳои қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон” 299 нафар тоҷикистониён мавриди ҷаримабандӣ қарор гирифтаанд.
Онҳо ба он гунаҳкор дониста мешаванд, ки маросимҳои тӯй ва ҷашни зодрӯзро пурдабдаву боҳашамат гузаронида, меъёрҳои қонунро дар қисмати дафни пайвандону наздикони худ риоя накардаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста