Тағйироту иловаҳое, ки охири моҳи июл аз ҷониби парлумони Тоҷикистон ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қабул шуданд, аввали моҳи август баъди интишор дар матбуоти расмӣ мавриди амал қарор гирифтанд.
Минбаъд ҳаҷми ҷарима барои машғул шудан ба фоҳишагарӣ аз 1100 то 1650 (қаблан - аз 550 то 1100 сомонӣ) сомониро ташкил медиҳад.
Барои такроран дар давоми як сол пас аз мавриди ҷаримаи маъмурӣ қарор гирифтан машғул шудан ба ин амал ҳаҷми ҷарима аз 1650 то 2650 сомонӣ (қаблан - аз 1100 то 2200 сомонӣ)-ро ташкил хоҳад дод.
Дар Тоҷикистон шахсоне, ки аз хизматрасониҳои фоҳишаҳо истифода мекунанд, ҷазо дода намешаванд. Аммо барои ташкил ва нигаҳдории фоҳишахонаҳо маблағи аз 8 то 10 ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ гардида, ҷазои маҳрумият аз озодӣ таъин нашудааст.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл чор нафар блогерони тоҷик барои гузоштани навори видео бо номи “Барон ва Рустам, рейди фоҳишаҳо дар трасса” дар YouTube боздошт шуданд.
Навори ба истилоҳ блогерон бобати дар ҳудуди пойтахт ба фоҳишагӣ даст задани занону духтарон мавриди вокуниш ва интиқоди шадиди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифта, ба муроҷиати занону духтарон ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе боис гардид ва муроҷиаткунандагон хостори андешидани чораҳои қонунӣ нисбати таҳиякунандагон ва пахшкунандагони навори мазкур дар шабакаи Интернет шуданд.
“Воқеан таҳиякунандагони ин навор меъёрҳои ахлоқиро риоя накарда, дар баробари ошкорнамоии шахсияти онҳо ҳамзамон шаъну шарафи занону духтаронро бо ин роҳ паст задаанд”, - хабар дода буд дафтарматбуоти РВКД Душанбе.
Дар маълумот зикр гардида буд, ки нафароне, ки худро блогер медонанду бо ин роҳ мехоҳанд маблағ ба даст оваранд, бояд меъёрҳои ахлоқиро риоя намуда, дар доираи қонун фаъолиятро ба роҳ монанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.






Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста