Аз рӯи муроҷиати корбарони шабакаи Facebook кормандони милитсияи пойтахт ҷавони 20-соларо барои лату кӯби духтар боздошт намуданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, рӯзи 13 август корбари Facebook ба мақомоти милитсияи пойтахт навори видеоеро мефиристад, ки дар он аз ҷониби ҷавоне лату кӯб шудани духтар дар таксӣ дида мешавад. Дар ҷараёни баргузории корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба гумони даст доштан дар ин амал сокини 20-солаи шаҳри Душанбе Некрӯз Мазам боздошт шудааст.
“Ронандаи таксӣ ҳамчун шоҳид ва худи гумонбаршуда тасдиқ намуданд, ки ин ҳодиса моҳи июн рух додааст. Неркӯз иқрор шуд, ки он замон ба духтари шиносаш ба муноқиша пардохта, шаъну эътибори ӯро назди одамон паст ва як маротиба бо пояш духтарро задааст”, - қайд мешавад дар маълумот.
Гуфта мешавал, нисбати Некрӯз Мазамов мутобиқи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон - "майдаавбошӣ" санад тартиб дода шудааст.
“Суди ноҳияи Сино ба сифати ҷазо ба Мазамов 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин кард. Ӯ ба тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Душанбе фиристода шуда, ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб мешавад”, - қайд мекунад дафтари матбуоти РВКД Душанбе.
Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сокинону меҳмонони пойтахтро ба фаъол будан ва фиристодани аксҳо бо далелҳои қонуншиканӣ тариқи почтаи [email protected], ба саҳифаи расмии Раёсат дар Facebook «Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе» ё занг задан бо телефони (+99237) 221-15-00 даъват мекунад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста