Кормандони милитсия зимни баргузор намудани чорабиниҳои фаврии ҷустуҷӯӣ ба гумони даст доштан дар расонидани зарари молӣ ба воситаи фиреб ё суистифода аз боварӣ марди 55-солаи сокини кӯчаи Туниси пойтахтро боздошт намуданд.
“Номбурда аз моҳи апрели соли 2019 ба ҶДММ “Джонг Фу” дар шаҳри Ваҳдат маълумотҳои бардурӯғ ворид намуда, ба миқдори 9 млн. 489 ҳазору 832 кВт/соат қувваи барқи истифодашударо барои пардохт намудан, пешниҳод накардааст, ки дар натиҷа ин миқдор қувваи барқ аз ҳисоб берун ва пинҳонӣ монда, ба давлат ба маблағи 6 млн. 158 ҳазору 017 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст”, - хабар медиҳад дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, аз рӯйи ин далел нисбати боздоштшуда мутобиқи моддаи 253 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи фиреб ё суистифодаи боварӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, дар ин модда аз се то панҷ соли маҳрумият аз озодӣ ҷазо пешбинӣ мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста