Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту иловаҳоро ба Кодекси ҷиноятии ҷумҳурӣ ҷиҳати баррасӣ ба парлумони кишвар фиристод, ки мувофиқи он муҷозот барои шиканҷа сангинтар мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон.
Дар сурати қабули тағйироту иловаҳо, шахсони гунаҳкор эътирофшуда ба истифодаи шиканҷа ба муҳлати аз 5 то 7 соли зиндон ҷазо гирифта метавонанд.
Дар Кодекси ҷиноятии амалкунандаи Тоҷикистон барои истифода аз шиканҷа бо мақсади ба даст овардани иқроршавӣ ба гуноҳ ё дигар маълумоти зарурӣ дар шакли аз ду то панҷ соли маҳрумият аз озодӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.
Ёдрас мекунем, ки 25 июл Кумитаи ҳуқуқи башари СММ тавсияҳои ниҳоии худро ба Тоҷикистон дар мавриди аз ҷониби кишвар иҷро шудани Аҳдномаи байнулмилалӣ дар бораи риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ирсол намуд.
Тавсияҳо аз рӯи натиҷаҳои ҳисоботи ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 126-уми Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар Женева рӯзҳои 2-3 июл таҳия гардидааст. Ҳайати расмии Тоҷикистонро дар ин иҷлосия Прокурори генералии Тоҷикистонӣ Юсуф Раҳмон роҳбарӣ кард.
Он замон Кумита аз ҳукуматдорони тоҷик даъват ба амал овард, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ истифодаи шиканҷа аз байн бурда шуда, рафтори башардӯстона бо ҳамаи маҳкумшудагон дар ҳама гуна ҳолатҳо таъмин ва аз таҷрибаи истифодаи шиканҷа бо мақсади гирифтани баёноти иқрошавӣ хотима бахшида шавад.

Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplustj.info тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста