Ду хизматчии ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки тибқи қарордод адои хизмат мекунанд, дар шаҳри Бохтар гӯё “аз шахси рӯҳан бемор” захми корд бардоштаанд.
Бино ба маълумоти ВКД-и ҷумҳурӣ, сокини ноҳияи Вахш Абдуллоев Аҳлиддини Файзиддиновичи 21-сола рӯзи 21 сентябр ба ду сарбози пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон ҳамла кардааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ хабар дод.
Мувофиқи маълумоти пешакӣ, низомиён дар вақти берун аз хизмат, ҳангоми суҳбат назди сартарошхона ҷароҳат бардоштаанд. Сабаби ҳамла алҳол маълум нест.
Ба хизматчиёни ҳарбӣ кумаки зарурии тиббӣ расонида шудааст. Шахси ба низомиёни дарафтода боздошт гардидааст. Ба гуфтаи Умарҷони Эмомалӣ, гумонбар “дар рӯйхати шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳии вилоят” мебошад.
Тибқи маълумоти прокуратураи вилояти Хатлон, Аҳлиддин Абдуллоев аз соли 2006 доимо дар дармонгоҳи бемориҳои рӯҳии вилоят муолиҷа мегирад.
Зикр гардид, ки айни замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳолатҳои рух додани ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста