Қотили Мустафо Наимов, ки ҳангоми кӯшиши боздошти ҷинояткор ба ҳалокат расид, аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дастгир шудааст.
Бино ба иттилои ВКД ҶТ, ин ҷиноятро Муминов Фирдавс Рустамович, соли таваллудаш 1995, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе содир кардааст. Ӯ доғи судӣ дошта, аз ин пеш 3 маротиба – соли 2012 бо моддаи 139 (Ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонидошта), соли 2014 бо моддаи 244 (Дуздӣ) ва соли 2016 бо моддаи 248 қисми 2 (Ғоратгарӣ)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ маҳкум шудааст.
Нисбат ба Фирдавс Муминов бо моддаҳои 248 қисми 2 (Ғоратгарӣ) ва 110 қисми 3 (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ бо оқибати марг)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Гуфта мешавад, ки баъд аз содиршавии ин ҷиноят бо супориши вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД ва РВКД дар шаҳри Душанбе гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ таъсис дода шуда, ҷинояткор боздошт гардид.
Ҳодисаи мазкур рӯзи 22-юми сентябр, тахминан соати 19:00 дар кӯчаи Борбади пойтахт рух дод. Шахси номаълум бо роҳи зӯрӣ телефони шаҳрванд Артур Тугеевро гирифта, ба самти бозори “Деҳқон”, воқеъ дар маҳаллаи Гипрозем мегурезад. Тугеев мардро дунболагирӣ карда, ба ӯ сокини 28-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Мустафо Наимов ҳамроҳ мешавад.
“Наимов мардро дарёб карда, ӯро меафтонад, аммо ҷинояткор бо олоти бурандаю халанда ба бадани ӯ задаву захмӣ карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Аз ҷароҳатҳои бардошта Наимов дар бемористон фавтид”, - омадааст дар хабари Вазорат.
Бо фармони Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Мустафо Наимов барои зоҳир кардани ҳисси баланди ватандӯстӣ, нишон додани корнамоию мардонагӣ ва шуҷоату далерӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ пас аз марг бо медали «Барои далерӣ» қадрдонӣ карда шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста