Дар шаҳри Маскав рӯзи 9-уми октябр вохӯрии дуҷонибаи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо вазири корҳои дохилии Русия генерали политсия Владимир Колоколсев доир гардид.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва боздошти шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта баррасӣ шуданд.
Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ба масоили авфи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон, ки дар рӯйхати маҳдудияти воридот ба Русия дохил шудаанд, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Ҳамчунин масоили муносибати хуб кардани кормандони пулиси Русия нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва тибқи қонун дастгир намудани онҳо баррасӣ шудааст.
Қайд шуд, ки содиршавии ҷиноятҳо дар умум ва махсусан вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳудуди Русия аз тарафи шаҳрвандони Тоҷикистон сол аз сол коҳиш ёфтааст.
Қобили зикр аст, ки як рӯз қабл дар шаҳри Маскав ҷаласаи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардида, дар он таҳким бахшидани ҳамкориҳо байни воҳидҳои тафтишотии вазоратҳо, рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар масоили мавриди таваҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста