Дар маҳаллаи 103-и пойтахт муҳассили Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон як ҷавони 20-соларо бо корд захмӣ карда, аз ҷойи ҳодиса гурехтааст.
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки ҳодисаи мазкур шоми 12-уми октябр, соати тахминан соатҳои 17:30 рух додааст. Донишҷӯйи ДАТ Ифтихор Толиҳов, соли таваллудаш 2000, зодаи шаҳри Ваҳдат бо Амирҷон Бобоев, соли таваллудаш 1999 ва Муҳаммадшариф Зокиров, соли таваллудаш 1998, ҳар ду зода ва истиқоматкунандагони ноҳияи Сино, кӯчаи А.Ғуломов ҳангоми дар роҳи пиёдагарди бинои №42-и кӯчаи Б.Ғафуров (маҳаллаи 103) қарор доштанашон байни ҳам муноқиша мекунанд.
Зимнан Ифтихор Талиҳов бо истифода аз корд ба қисмати чапи шиками Амирҷон Бобоев зада, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст. Бо ёрии атрофиён Амирҷон ба беморхонаи шаҳраки “Шифобахш” (Қарияи боло) интиқол ёфтаву бистарӣ шудааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ донишҷӯйи кордзан Ифтихор Толиҳов дастгир шудааст. Дар мақомоти милитсияи пойтахт сабабу омилҳои ин ҷинояти вазнин таҳқиқ мешавад.

Натиҷаҳои аввалини тафтишот муайян кардааст, ки шаҳрвандон Ифтихор Толиҳов, Амирҷон Бобоев ва Муҳаммадшариф Зокиров бо ин рафторашон тартибот ва оромии ҷамъиятиро муддати 10-15 дақиқа ба таври дағалона вайрон кардаанд.
Дар робита ба ҳодисаи мазкур нисбат ба Ифтихор Толиҳов бо моддаи 237 қисми 3 (Авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард), нисбат ба Амирҷон Бобоев ва Муҳаммадшариф Зокиров бо моддаи 237 қисми 2 (Авбошӣ дар ҳайати гуруҳӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста