Ташкилоти "Паймони миллии Тоҷикистон" (ПМТ), ки мухолифони тоҷикро дар муҳоҷират муттаҳид месозад, дар Тоҷикистон иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф шуд.
Бо ҳалномаи Суди олии ҶТ аз 15-уми августи соли 2019 аризаи Прокурори генералиии ҶТ дар бораи иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф кардани ташкилоти "Паймони миллии Тоҷикистон", манъи фаъолияти он дар ҷумҳурӣ, бастани сомонаҳои интернетӣ ва мамнӯъ кардани воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиёту варақаҳои он ба ҳудуди кишвар қонеъ карда шудааст.
Дар ин бора торнамои Суди олии ҶТ чунин иттилоъ медиҳад: “Сомонаҳои интернетие, ки ба ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон», ташкилоти террористӣ-экстремистии «Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон» ва дигар ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ хизмат мекунанд, баста шуда, воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст”.
"Паймони миллии Тоҷикистон" соли гузашта дар шаҳри Варшава таъсис дода шуд. Ба паймон 4 гурӯҳи мухолифи фаъолияташон дар кишвар манъшуда – Ҳизби наҳзати исломӣ, “Конгресси озодандешони Тоҷикистон”, “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” ва “Конгресии муҳоҷирони Осиёи Марказӣ” шомиланд.
Аз соли 2015 фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ дар қаламрави кишвар манъ гардида, худи ҳизб террористӣ эътироф шуд.
Тибқи маълумоти Суди олии ҶТ, "Паймони миллии Тоҷикистон" 18-умин ташкилот ё гурӯҳи фаъолияташ дар кишвар манъшуда мебошад.
То охири соли 2013 ба рӯйхати ташкилоту гурӯҳҳои фаъолияташон мамнӯъ "Ҳизб-ут-таҳрир", "Ал-Қоида", "Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ", "Ҳаракати исломии Ӯзбекистон", "Толибон", "Ихвон-ул-муслимин", "Лашкари Тайиба", "Ҷамъияти исломии Покистон", "Ҷамъияти Таблиғот", "Тоҷикистони Озод", "Созмони Таблиғот" ва "Ҷамоати Ансоруллоҳ” шомил буданд. Баъдан боз панҷ созмон – равияи мазҳабии "Салафия", "Гурӯҳи 24", "Давлати исломӣ", "Ҷабҳат ан-Нусра" ва "ҲНИ" ба ин рӯйхат илова шуданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста