Дар 9 моҳи соли равон вобаста ба вайрон кардани Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 527 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ шудааст.
Зимнан 519 нафар ба маблағи умумии 2490565 сомонӣ ҷарима гардиданд. Дар ин бора 19-уми октябр зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти 9-моҳаи Суди Олии ҶТ иттилоъ дода шуд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки шумораи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба риоя накардани Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба 12690 адад расида, бо 11453 парванда нисбат ба 11535 нафар қарор қабул карда шудаст. Дар маҷмӯъ нисбат ба 4421 нафар огоҳӣ ва дар нисбати 7114 нафар ҷазои ҷарима ба маблағи умумии 1154672 сомонӣ таъин шудааст.

Дар ин давра ба судҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 120090 адад парвандаҳо ва дархосту пешниҳодҳо ворид гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 633 адад зиёд мебошад. Аз ин шумора судҳо 106695 адад парванда ва дархосту пешниҳодҳоро моҳиятан баррасӣ карданд.
Аз шумораи парвандаҳои баррасишуда 10130 парвандаи гражданӣ, 29324 парвандаи оилавӣ, 8149 парвандаи ҷиноятӣ, 39106 парвандаи маъмурӣ ва 13382 дархосту пешниҳоди мақомот будааст. Аз ин теъдод 12384 парванда дар маҷлисҳои сайёри судӣ баррасӣ шудааст.
Дар интиҳои маҷлис раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён фаъолияти мақомоти судиро дар давоми 9 моҳи соли 2019 таҳлил кард. Ӯ ба судяҳо ҷиҳати рафъи камбудиҳо, роҳ надодан ба кашолкорӣ, риоя кардани муҳлати баррасии парвандаҳо, тибқи талаботи қонунгузории мурофиавӣ босифат таҳия намудани санадҳои судӣ ва саривақт ба тарафҳо супоридани нусхаҳои онҳо супоришҳои мушаххас дод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста