Сармутахассиси шуъбаи таъминоти нафақа тӯли 2 сол ба сохтакории ҳуҷҷатҳо машғул шуда, бо ин роҳ маблағ ба даст овардааст.
Ҳанифа Касирова дар вазифаи сармутахассиси шуъбаи таъминоти нафақаи Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кор карда, дар раванди фаъолияти кориаш бо истифодаи ваколатҳои мансабдорӣ, аз моҳи феврали соли 2017 то моҳи июни соли 2019 бо роҳи сохтокории ҳуҷҷатҳо ба номи 20 нафар шаҳрвандон машғул будааст. Дар ин бора Маркази матбуоти Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ иттилоъ медиҳад.
Ӯ маблағи умумии 105.730,84 сомонӣ талабот нишон дода, ин миқдор маблағро ба воситаи рақамҳои асноди нафақавӣ ба суратҳисоби бонкии нафақахӯрон гузаронида, онҳоро тавассути кортҳои пластикии БДА ҶТ “Амонатбонк” тариқи нақдӣ гирифта, ба манфиати шахсии худ сарф кардааст.
Ҳанифа Касирова бо ин кирдори худ ба давлат зарари калони моддӣ расонидааст. Нисбат ба ӯ бо моддаи 245 қисми 3 банди “а” (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 340 қисми 2 банди “а” (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста