Маблағҳои пардохти ҳаққи таҳсил, ғизо, истифодаи хобгоҳ ва иҷорапулии китобҳои дарсиро масъулини муассисаи таълимии давлатӣ аз худ кардаанд.
Рӯзибоев Тоҳир Бекмуродович дар вазифаи директори Муассисаи давлатии литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд кор карда, тӯли солҳои 2016-2019 аз рӯйи маслиҳати пешакӣ бо сармуҳосиби муассиса Бобоқулов А.М. ва муҳосиб-хазинадор Ниёзов С.А. маблағи 842756 сомониро бо роҳи ба хазина ворид накардан тасарруф намуданд. Ин маблағро волидайни хонандагон барои таҳсил, истифодаи хобгоҳ ва иҷорапулии китобҳои дарсӣ пардохта буданд.
Дар ин бора маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ хабар медиҳад.
Ба ҷуз ин, Тоҳир Рӯзибоев бо сармуҳосиби муассиса Бобоқулов А.М. ва мудири анбор Иброҳимов Х.А. дар давраи солҳои 2017-2019 бо сарвари ҶДММ “Файзи Музафар” Пулотов М. маслиҳати пешакӣ намуда, бо роҳи сохтакории 31 адад борхатҳои хароҷотӣ оид ба харидории молу маҳсулоти ғизоӣ 1640659 сомониро тасарруф карданд.
Дар ин асос нисбат ба Рӯзибоев Т.Б., Бобоқулов А.М. ва дигарон бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 323 (Сохтакории хизматӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста