Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ судяи Суди ноҳияи Синои пойтахтро аснои порагирӣ боздошт кардааст.
Тибқи иттилои маркази матбуотии ин ниҳод, рӯзи 17-уми октябр шаҳрванд “А” ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ муроҷиат кардааст, ки нисбат ба судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Раҳмонализода Рухшона Раҳмоналӣ чораҳои қонунӣ андешида шавад. Номбурда барои ба манфиати ӯ ҳалли баҳси гражданӣ аз рӯйи даъвои шаҳрванд “Б” вобаста ба манзили истиқоматӣ 13-уми марти соли ҷорӣ 2000 доллари ИМА талаб карда гирифта, айни замон боз ҳамин қадар маблағи дигар талаб кардааст.
Дар ҳамин асос худи ҳамон рӯз нисбат ба Рухшона Раҳмонализода бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” (Қаллобӣ ба миқдори калон)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ судя баъд аз гирифтани маблағи 2000 доллари ИМА аз шаҳрванд “А” дар ҷойи ҳодиса дастгир ва маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд.
Айни замон тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста