Зиндоние, ки аснои кӯшиши фирор аз муассисаи ислоҳии №4-и пойтахт парронда шуд, зодаи деҳаи Қурқудуқи ноҳияи Ашт Акмал Эргашеви 32-сола мебошад.
Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ ба хабарнигори “Азия-Плюс” кушта шудани ин маҳбусро тасдиқ карда, гуфт: “Акмал Эргашев мехост аз зиндон фирор намояд ва зимни итоат накардан ба кормандони муассисаи ислоҳӣ дар хати назоратӣ бо силоҳ безарар карда шуд. Мутаассифона, маҳбус дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Рӯзи дигар ҷасадаш ба наздиконаш супорида шуд”.
Вай афзуд: “Акмал Эргашев узви Ҳаракати исломии Туркистон буда, бо ҳукми суд 12 сол ҳабс шудааст. Аз ин муҳлат беш аз 8 сол адои ҷазо карда, се соли дигараш боқӣ монда буд. Ӯ оиладор ва соҳиби як фарзанд аст”.
Умаров инчунин гуфт, ки мувофиқи маълумоти фаврӣ, маҳбуси ҳалокшуда 2 бародари худро ба Покистон барои аъзо шудан дар Ҳаракати исломии Туркистон ва иштирок дар ҷиҳод фиристода буд. Вале тибқи иттилооти ба даст омада, онҳо низ ба ҳалокат расидаанд.
Куштори Акмал Эргашев шаби 21-уми октябр рух додааст. Дар ҷараёни ин ҳодиса нозири маҳбас Исмоил Комилзода низ сахт маҷруҳ шуда, феълан дар бемористон бистарист.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста