Қотил бо ҷабрдидаи худ моҳи ноябри соли 2018 тариқи никоҳи исломӣ оила барпо карда, моҳи марти соли равон ӯро куштааст.
Сокини ноҳияи Вахш Олимҷон Алимов барои куштори ҳамсари ҳомилаи худ ба 22 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шуд.
Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ хабар медиҳад, моҳи ноябри соли гузашта маҳкумшуда бо сокини маҳаллӣ Суманмоҳ Назарова тариқи шариати ислом ақди никоҳ мекунанд. Дар давоми зиндагонии муштарак байни онҳо нофаҳмӣ ва муноқишаҳо cap мезадааст.
Моҳи март зимни муноқишаи оилавӣ Алимов ҳамсари дуҷонашро буғӣ карданӣ шуда, сипас ба ҷисми ӯ бо корд якчанд маротиба зарба мезанад, ки дар натиҷа зан ҳалок мешавад.
“Баъдан бо мақсади пинҳон кардани ҷиноят бо белу каланд фарши яке аз ҳуҷраҳои хонаашро канда, ҷасади ҳамсарашро зери хок мекунад”, - омадааст дар маълумоти Прокуратураи генералӣ.
Зикр мешавдад, ки бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Хатлон Олимҷон Алимов дар содир кардани ин ҷиноят пурра гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ ба муҳлати 22 сол бо нигоҳ доштан дар муассисаҳои ислоҳии низомашон пурзӯр ва аз ин 5 сол бо нигоҳ доштан дар маҳбас ҷазо таъин карда шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста