Суди олии Тоҷикистон нисбат ба 28 нафар маҳкумшудагони муассисаи ислоҳии Ваҳдат барои ташкили ошӯб ҳукм содир кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Суди олии Тоҷикистон хабар доданд.
“Ҳукмҳо нисбат ба 28 нафар маҳкумшудагон ҳанӯз 25-уми октябри соли равон содир шуда буданд. Ба онҳо мутобиқи 16 модда айбнома пешниҳод гардида, гуноҳашон дар ташкили ошӯб дар муассисаи ислоҳӣ собит шуд”, - гуфт манбаъ.
Зикр шуд, ки парванда махфӣ буда, аз ин рӯ, дар бораи ҷузъиёти моддаҳои айбдорӣ ва муҳлатҳои ҳукм маълумот дода намешавад.
Ёдрас мекунем, ки ошӯби маҳбусон дар муассисаи ислоҳии шаҳри Ваҳдат шаби 19-уми майи соли ҷорӣ сар зада, дар ҷараёни он 32 нафар: 29 нафар маҳбусон ва 3 корманди муассисаи ислоҳӣ ҳалок шуданд. Масъулияти ин ошӯбро созмони террористии ба ном “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифт.
Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо истинод ба адвокатҳои маҳкумшудагон иттилоъ медиҳад, ки муҳлати ҷазои маҳкумшудагон бо назардошти ҳукми нав аз 19 то 29 солро ташкил медиҳад. Додгоҳ онҳоро ба 16 моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла, терроризм, ифротгароӣ ва куштор айбдор донистааст.
Вакилони дифои ин маҳкумшудаҳо гуфтаанд, парванда муҳри махфӣ дошт ва қазияҳои додгоҳӣ низ паси дарҳои баста дар Боздоштгоҳи муваққатӣ баргузор шуд. Вакилони дифои онҳо имзо гузоштаанд, ки ҷузъиёти парвандаро ошкор намекунанд ва ба ин хотир намехоҳанд исмашон дар матбуот зикр шавад.
Аммо яке аз вакилони дифоъ бо шарти зикр нашудани номаш гуфтааст, ин 28 нафар ба он муттаҳам мешаванд, ки ба созмондиҳандагони ошӯб "байъат" кардаанд.
Вале худи муттаҳамон ин иттиҳомро рад карда ва гуфтаанд, ки имкони иштирок дар ошӯбро доштанд, вале даст ба исён назадаанд.
Тибқи маълумоти Радиои Озодӣ, парвандаи чанд нафари дигарро, ки дар ошӯби зиндони Ваҳдат муттаҳам мешуданд, барои омӯзиши дубора пас фиристода буданд ва ҳанӯз ҳукми онҳо содир нашудааст.
Дар миёни ин гурӯҳ Бахтиёр Абдусамадов, бародари Ҳусейн Абдусамадов, муттаҳам дар қатли чаҳор ҷаҳонгарди хориҷӣ дар соли 2018 дар Данғара низ мебошад. Гулчеҳра Шодмонова, модари Бахтиёр гуфтааст, писарашро ба ошӯб дар зиндон муттаҳам мекунанд, вале ӯ бемор буд ва дар ин ошӯб даст надорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.






Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста