Яке аз корбарони шабакаи иҷтимоии Facebook 22-юми декабр бо ирсоли акси қоидавайронкунии як ронанда аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиши чораандешӣ кардааст.
Маркази матбуотии раёсати мазкур хабар медиҳад, ки ин муроҷиат таҳти назорат ва баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд.
Дар натиҷа муайян гардид, ки ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи “Опел-астра”, рақами қайди давлатиаш 8075 РВ 01, шаҳрванд Саиданвар Расулов, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Кӯлоб ба қоидавайронкунии дағал роҳ дода, мошини худро дар ҷойи номуқаррар нигоҳ доштааст. Ин амали ӯ боиси халал ба ҳаракати воситаи нақлиёти ҷамъиятӣ (тролейбуси № 8) дар назди таваққуфгоҳи боғи ба номи А.Рӯдакӣ ва норозигии шаҳрвандон гардидааст.

Барои таваққуфи нодуруст ва эҷоди монеа ба ҳаракати воситаи нақлиёти ҷамъиятӣ нисбат ба шаҳрванд Саиданвар Расулов бо моддаи 324 (Риоя накардани талаботи аломатҳои роҳ, нишонаҳои қисми роҳ ва дигар қоидаҳои ҳаракат дар роҳ)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, мошини ӯ ба ҷаримагоҳи Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе интиқол гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста