Шуъбаи аудити Сарраёсати молияи вилояти Хатлон соли 2019 дар ташкилоту идораҳои буҷетии минтақаи ҷануби Тоҷикистон 7,5 миллион сомонӣ камбудӣ ошкор кардааст.
Дар ин бора Бахтиёр Назарзода, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон имрӯз, 28-уми январ дар нишасти матбуотӣ иброз дошт.
Ба гуфтаи ӯ, аудиторони сарраёсати молия дар 633 ташкилоту идораҳои буҷетии шаҳру ноҳияҳои Хатлон санҷишҳои интихобӣ гузаронида, 7,5 миллион сомонӣ камбудӣ ошкор кардаанд.
“Аз зарари ошкоршуда дар рафти санҷишҳо 7,2 миллион сомонӣ барқарор гардид. Аз ин маблағ 4,4 миллион сомонӣ ба буҷет ва 2,7 миллион сомонӣ ба фоидаи корхонаҳо рӯёнида шуд. Яъне аз ҷамъи умумии маблағҳои ошкоршуда 95 дарсад барқарор гардид”, - гуфт Назарзода.
Вай афзуд, камбуди маблағ аслан дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва изофанависӣ дар сохтмонҳо ошкор шудааст.
“Дар соҳаи тандурустӣ бештар маблағҳо аз ҳисоби нодуруст муайян кардани музди меҳнат мебошад. Яъне дар робита ба ставкаҳои корӣ ва дараҷаи тахассусӣ нодуруст пардохт кардаанд. Аз ин ҳисоб 1,2 миллион сомонӣ ошкор шудааст”, - қайд кард сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон.
Ӯ шарҳ надод, ки дар соҳаҳои дигар чӣ миқдор камбуди маблағҳо муайян гардидааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста