Сокинони манзилҳои воқеъ дар наздикии тарабхонаи “Абрикол” дар кӯчаи Ғуломови шаҳри Душанбе ба вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазона Раҳимзода муроҷиат намуда, шикоят кардаанд, ки фаъолияти шабонарӯзии ин тарабхона оромии онҳоро халалдор месозад.
Тавре маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, санҷишҳо нишон додаанд, ки дарвоқеъ қаблан нисбат ба маъмурияти тарабхонаи “Абрикол” ҷазои маъмурӣ пешбинӣ гардида, оиди риоя кардани реҷаи корӣ огоҳонида шудааст, вале маъмурияти тарабхона чора надида, ин кирдорҳоро идома додаанд.
Гуфта мешавад, бинобар аз тарафи маъмурияти тарабхонаи мазкур риоя нагардидани реҷаи кории муқарраршуда, нисбат ба роҳбари тарабхонаи “Абрикол” такроран бо дастрасии моддаи 462, қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протокол тартиб дода шуда, фаъолияти ин марказ муваққатан манъ карда шудааст.
Ёдрас мекунем, ки бо қарори раиси шаҳри Душанбе аз соли 2012 реҷаи кори муассисаҳои фароғатӣ, иншооти фарҳанг ва хизматрасонии шаҳр дар мавсими тирамоҳу зимистон то соати 23:00 ва баҳору тобистон – то 24:00 муқаррар шудааст. Агар иншоот дар назди манзилҳо ва мактабу беморхонаҳо ҷойгир нашуда бошанд, то соати 01:00-и шаб кор карда метавонанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста