Бо ҳукми суди шаҳри Ҳисор Фирдавс Саидзода барои худро корманди ВКД муаррифӣ карда, машғули тамаъҷӯӣ шуданаш ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум шуд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, номбурда шоми 27-уми сентябри соли гузашта дар меҳмонхонаи “Даҳбед”-и шаҳри Ҳисор бо шаҳрванд М.А. вохӯрда, ба ӯ шаҳодатномаи рангаш сурхеро, ки аз мағозаи фурӯшӣ ҷиҳозҳои конселярӣ харидааст, нишон додаааст ва худро корманди ВКД Тоҷикистон муаррифӣ кардааст. Баъдан Саидзода ин занро тахдид кардааст, ки нисбаташ барои фоҳишагӣ парванда оғоз карда, ӯро дар назди хешу табор ва падару модараш бадном месозад.
М.А. аз таҳдиди ӯ тарсида, хоҳиш кардааст, ки нисбаташ чораандешӣ накунад. Фирдавс Саидзода бо истифода аз фурсат маблағи 2 ҳазор сомонӣ аз ин зан гирифтааст, то нисбаташ павранда тартиб надиҳад. Маблағи бо роҳи фиреб ба даст овардаро ба манфиати шахсияш сарф карда, бо ин кирдор ба М.А. зарари моддӣ расонидааст.
Инчунин Саидзода такроран 7-уми октябри ҳамон сол худро корманди ВКД муаррифӣ карда, шаҳодатномаи қалбакиро ба шаҳрванд Б.И. нишон додааст ва бо таҳдид 1000 сомонӣ аз ӯ тамаъҷӯи кардааст.
Номбурда 18-уми октябр зимни ба даст овардани маблағи мазкур аз шаҳрванд Б.И. аз тарафи кормандони ҳифзи ҳукуқи шаҳри Ҳисор дастгир карда шуд. Дар натиҷа аз номбурда шаҳодатномаи рангаш сурх, ки дар он ягон ному насаб дарҷ нашудааст, ҳамчун далели шайъӣ ёфта, гирифта шудааст.
Фирдавс Саидзода бо моддаи 250 қисми 2 банди «а» КҶ ҶТ (Тамаъҷӯӣ) гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум ва дар муассисаи ислоҳии низомаш пурзӯр адои ҷазо мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста