Раиси ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон барои гирифтани пора боздошт шудааст.
Самадзода Муҳиддин Абдусаттор дар вазифаи раиси ҷамоати ноҳия мазкур ҳамчун шахси мансабдор тахминан моҳи ноябри соли 2019 аз шаҳрванд “А” барои мусоидат ба манзур кардани пешниҳод ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ниҳияи Ҷ.Балхӣ ҷиҳати вобаста намудани 4,10 гектар қитъаи замин маблағи 1200 сомонӣ пешакӣ гирифта, боз оварда додани маблағи 4000 сомониро талаб кардааст.
Тибқи иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ 27-уми январи соли равон Самадзода М.А. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 4000 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир шуда, далелҳои шайъӣ аз ӯ дарёфт ва гирифта шуданд.
Нисбат ба Самадзода М.А. бо моддаи 319 қисми 3-и КҶ ҶТ (Гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста