Муфаттишони Прокуратураи генералииТоҷикистон нисбат ба 6 сокини ноҳияи Хуросон, ки дар эътирози рӯзи 17-уми май иштирок карда буданд, парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Тавре Радиои Озодӣ хабар медиҳад, даҳҳо нафар аз ду деҳаи ноҳияи Хуросон, ки бар асари омадани сел хонаву дар ва заминҳои худро аз даст доданд, рӯзи 17-уми май ба нишони эътироз роҳи Бохтар-Душанберо бастанд.
Раиси ноҳияи Хуросон Раҳматулло Сафарзода далели боздошти сокинонро ба “Азия-Плюс” тасдиқ намуда, лекин тавсия дод, ки барои дарёфти ҷузъиёти масъала ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат кунем. Дар маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ ба “Азия-Плюс” ин маълумотро тасдиқ ҳам накарданду инкор низ ва хоҳиш карданд, ки барои маълумоти муфассал ба онҳо хаттӣ муроҷиат намоем.
Як манбаи Радиои Озодӣ дар ҳукумати вилояти Хатлон рӯзи 8-уми июн гуфтааст, чор нафар дар боздошт қарор дошта, ду тани дигар бо шарти берун нашудан аз ноҳия, дар озодӣ ҳастанд. Ба гуфтаи манбаъ, онҳо ба даъвати сокинон ба эътирози оммавӣ ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ айбдор мешаванд.
“"Парвандаро муфаттишони Прокуратураи генералӣ тафтиш доранд. Маҳмадкарим Ҳасанов, Маҳмадраҷаб Холов ва бародарон Ҳусейн ва Кароматулло Ҳусейновҳо дар боздоштгоҳи тафтишотӣ қарор доранд. Ҳамаи боздоштшудагон сокинони деҳаи ба номи Неъматулло Асадулло мебошанд”, - гуфтааст манбаи Радиои Озодӣ.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста