Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе наздики 40 кило маводи мухаддири афюн ва беш аз 2,2 ҳазор дона ҳабҳои “экстази”-ро мусодира карданд.
Тавре хадамоти матбуоти РВКД Душанбе хабар медиҳад, шаҳрванд Собирҷон Содиқови 32-сола дастгир ва аз ӯ 2 ҳазору 224 дона ҳабҳои “экстази” дарёфт ва мусодира шудааст. Таҳвилгари маводи мухаддир Рамазонзода Зафари Хуршед, ки ин маводи психотропиро дар мошинҳои боркаш дохили қуттиҳои чой пинҳон карда мефиристодааст, мавриди пайгарди байнулмилалӣ эълон шудааст.
Ҳамчунин дар бораи мусодираи қариб 40 кило афюн хабар дода мешавад. Сокини 63-солаи ноҳияи Дарвоз Гулмирзоев Давлатмирзо бо ду ҷиянаш Алишер ва Алидод Гулмирзоевҳо дар пойтахт ба гумони нигаҳдории зиёда аз 23 кило афюн боздошт шудаанд.
Сокини 67-солаи шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Нуров Амиршо ва сокини 62-солаи ноҳияи Ҷайҳун Азамҷон Ҷӯрабеков бо зиёда аз 15 кило афюн дастгир шудаанд.
Аз рӯйи ин далелҳо парвандаҳои ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот ҷараён дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста