Корманди Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и ВКД бо ҳаммаслаконаш барои ҳуҷҷатгузории қитъаҳои замин аз шаҳрвандон зиёда аз 600 ҳазор сомонӣ гирифтаанд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, “милитсионери Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и ВКД Амрулло Мирзоев бо маслиҳати пешакӣ бо Сино Юсуфов ва дигарон моҳи апрели соли 2019 ба боварии шаҳрванд Дилноза Муродова даромада, барои ҳуҷҷатгузорӣ карда додани 0,07 га қитъаи замин, аз ҳисоби замини наздиҳавлигии шаҳрванд Одинаев Ғ.Ҷ., маблағи 203000 сомонӣ талаб карда гирифта, онро тасарруф намуданд”.
Гуфта мешавад, ки Мирзоев А., Юсуфов С. ва дигарон инчунин бо ҳамин тарзу усул ба шаҳрванд Гулов А.Р., ба маблағи 44000 сомонӣ ва ба Назруллоев А.М. ба миқдори 366925 сомонӣ зарари махсусан калони моддӣ расониданд.
Оид ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба Мирзоев А.Х. ва Юсуфов С.Ю. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста