Кормандони милитсияи пойтахт ронандаеро боздошт карданд, ки дар навор гуфтааст, 15 қадаҳ машруботи спиртӣ нӯшида, мошинро идора мекунад ва дорои шаҳодатномаи махсус аст, ки ӯро кормандони БДА манъ карда наметавонанд.
Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар Душанбе, дар натиҷаи пешбурди чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ронандаи мазкур шаҳрванд Азаматқул Ҷумъаев буда, ҳангоми идораи воситаи нақлиёти шахсии тамғаи “Тайота-Кемрӣ”, аломати қайди давлатияш 0101 ON 01 ба ҳаракатҳои намоишкорона даст задааст.

“Ӯ дар саҳифаи иҷтимоии Инстаграми худ ба пахши мустақим баромада, аз ҳисси ҳавобаландӣ чунин суханонро изҳор доштааст. Зимни пурсиши номбурда ва санҷиш муайян карда шуд, ки ронанда Азаматқул Ҷумъаев дар ягон мақомоти давлатӣ фаъолият намекунад ва машғули соҳибкорӣ мебошад”, - хабар додааст Раёсати ВКД дар Душанбе.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Ҷумъаев парвандаи маъмурӣ барои паҳн кардани хабари бардурӯғ оид ба фаъолият доштанаш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ба ин васила иснод овардан ба шаъни мақомоти давлатӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ татбиқ гардид.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста