Як ноболиғ дар шаҳри Ҳисор барои куштори модар ва 2 бародари угаяш ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, 12-уми декабри соли 2019 ноболиғ В.М. дар маҳалли зисташ воқеъ дар шаҳри Ҳисор, ҷамоати деҳоти Хонақои кӯҳӣ дар заминаи рашку хусумат модараш ва бародарони хурдсоли угаяшро ба қатл расонидааст. Ӯ барои нест кардани изҳои ҷиноят манзили истиқоматӣ ва ҷасадҳоро оташ зада, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.
Дар шарҳи ин амал гуфта мешавад, ки давоми зиндагии якҷоя модараш нисбат ба ноболиғ муносибати дағалона дошта, ӯро бештар дар иҷрои корҳои хоҷагӣ истифода кардааст. Ҳамчунин фарзандони хурдсолашро нисбат ба ин писари ноболиғ бештар дӯстдорӣ карда, дар ин замина рашку хусумати ӯро ба вуҷуд овардааст.
Аз ҷониби прокуратураи шаҳри Ҳисор нисбат ба ноболиғ бо аломатҳои моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “а”, “в”, “е” (Одамкушӣ) ва 255 қисми 2 КҶ ҶТ (Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи хулосаи айбдоркунӣ ба суд ирсол шуд.
Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии ҶТ аз 11-уми июни соли 2020 ноболиғ В.М. гунаҳгор дониста шуда, ба ҷазои баландтарин – 10 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адои ҷазо дар колонияи тарбиявии дорои низоми умумӣ маҳкум карда шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста