Суди шаҳри Душанбе баррасии парвандаро нисбат ба Юсуф Зиёев бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси духтарчаи хурдсол оғоз кард.
Тавре ба “Азия-Плюс” муовини раиси суди пойтахт Асомиддин Бобохонзода хабар дод, мурофиа рӯзи 3-юми июл оғоз шуда, пушти дарҳои пӯшида ҷараён дорад.
Дар курсии гунаҳкорӣ шаҳрванди Тоҷикистон Юсуф Зиёев нишастааст, ки ба таҷовуз ба номуси духтарчаи 3-сола гумонбар дониста мешавад.
Судшаванда дар содир кардани ҷиноят бо се моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: 138, қисми 3 (Таҷовуз ба номус нисбат ба духтари баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида ё хеши наздик); 139, қисми 4 (Ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбат ба шахси баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида) ва 127, қисми 1 (Дар хатар монондан) айбдор карда мешавад.
Ба Зиёев ҳукми ҳабси якумрӣ таҳдид мекунад.
Ҷузъиёти парванда ифшо намешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста