Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакон (Омбудсмен) дар Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибуллозода аз қазияи мазкур огоҳ буда, ҷараёни тафтиши парвандаро шахсан назорат мекунад.
“Аз ҳодисаи дар Ҳисор рухдода огаҳ ва бо мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ мудом дар робитаем”, - изҳор дошт ба “Азия-Плюс” сардори шуъбаи дафтари кории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакон Аҳад Содиқов.
“Волидон ва хешовандони ҷабрдида ба мо муроҷиат накарда, аз ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳодиса хабардор шудем. Ба оилаи ҷабрдида хизматрасонии адвокат ва равоншиносро пешниҳод намудем, вале онҳо рад карда, гуфтанд, ки ҳамааш хуб буда, парванда тафтиш шуда истодааст. Ба Прокуратураи генералӣ нома навиштем, то ки парванда мунсифона тафтиш шавад. Ин парванда зери назорати шахсии Омбудсмен қарор дорад. Алҳол ба ҷараёни тафтиш халал расониданӣ нестем”, - қайд кард ӯ.
Ҳамчунин ба гуфтаи номбурда, дафтари кории Омбудсмен то ҳол бо волидон ё худи духтар дар тамос нашудаааст, чунки “ин кор хеле нозук аст”.
“Бо мақомоти ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва комиссияи ҳуқуқи кӯдакон дар Ҳисор ҳамеша дар тамосем. Пас аз нашри хабарҳо дар бораи ин ҳодиса, онҳо (ҳокимияти маҳаллӣ ва комиссияи ҳуқуқи кӯдакони Ҳисор) гурӯҳи иборат аз равоншиносону омӯзгорон ва табибонро таъсис дода, ба аёдати духтари ҷабрдида ва волидони ӯ рафтанд”, - изҳор дошт Содиқов.
Дар ҳамин ҳол, волидони духтари ҷабрдида ба “Азия-Плюс” изҳор доштанд, ки ҳеҷ касе назди онҳо наомадааст.
“Ҳеҷ касе назди мо омада, арзи моро нашунидааст. Умеди охирини мо - рӯзноманигорон ва президенти муҳтарам мебошанд”, - гуфт бибии духтари ҷабрдида Анор Зарипова.

Ёдрас мекунем, ки дар Ҳисор марди 42-сола ба номуси духтари 12-сола дастдарозӣ намуда, ӯ кӯдак таваллуд кард. Айни замон гумонбаршуда ба ҳабс гирифта шуда, парванда аз ҷониби прокуратураи шаҳри Ҳисор тафтиш мешавад.
Ба гуфтаи духтари ҷабрдида, 9 августи соли 2019 хешашон (писари тағо) Ҳуснӣ Абдуллоев ӯро дар назди говхона бо зарба беҳуш карда, ба номусаш дастдарозӣ ва таҳдид кардааст, ки агар ба касе ин корро гӯяд, мекушад. Ин амал минбаъд маҷбурӣ чандин маротиба такрор шудааст.
Чанде пеш журналистони “Азия-Плюс” ба Ҳисор рафта, бо худи духтари ҷабрдида ва волидону хешовандони ӯ суҳбат карданд. Маводи муфассал дар бораи суҳбати онҳо дар маводи зерини мо қобили дарёфт аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста