Ронандаи сабукрави “Опел-Астра” баъд аз пахши як зани пиёдагард ӯро ба беморхона бурда, сипас фирор кардааст.
Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, шаби 11-уми июл, тахминан соати 21:20 дақиқа ронандаи автомашинаи номаълум ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи Нусратулло Махсум ба самти маҳаллаи Зафари ноҳияи Синои поутахт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди 62-соларо зада аз пой афтондааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби ронандаи мошин ба беморхона дастрас ва бистарӣ карда шудааст. Аммо ронанда баъдан ба самти номаълум ғайб задааст.
Барои муайянсозии ронандаи фирорӣ чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ шудааст ва ӯро боздошт карда, ба ШБДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бурдаанд.
Муайян гардид, ки ронандаи мошини мазкур шаҳрванд Азизҷон Худойназаров Додарович, соли таваллудаш 1994, истиқоматкунандаи деҳаи Ширкенти шаҳри Турсунзода мебошад. Номбурда тавассути сабукрави шахсиаш тамғаи “Опел-Астра”, рақами қайди давлатиаш 7994 АТ 01 ин садамаи нақлиётиро содир кардааст.
Айни замон ҷиҳати муайянсозии сабаби ин садама таҳқиқ идома дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста