Духтари 22-сола бинобар дар ҳолати мастӣ қарор доштан ва муноқиша намудан бо ҷавонписар дар пойтахт, аз ҷониби кормандони милитсия боздошт ва ҷарима шуда, ҷавон ба ҳабс гирифта шудааст.
Ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, рӯзи 17-уми августи соли ҷорӣ дар сомонаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардидааст, ки дар он кашолакунон бурдани ҷавондухтар аз ҷониби ҷавонписар, ки дар ҳолати беҳушӣ дар канори роҳ хобида буд, инъикос ёфтааст.
Гуфта мешавад, ки ҷавони дар навор инъикосёфта Умед Боеви 26-сола сокини пойтахт ва Фотима Дӯстоваи 22-сола аз сокини шаҳри Ваҳдат боздошт ва ба мақомоти милитсия дастрас гардиданд.
Зимни санҷиш ва пурсиши шоҳидону дастгиршудагон муайян карда шуд, ки ин ду нафар бо ҳам робита ва ошноӣ дошта, қаблан низ миёнашон нофаҳмиҳои лафзӣ ва муноқиша вучуд доштааст. Аз ҷумла, дар навори инъикосёфта шаҳрванд Фотима Дустова аз сабаби нӯшидани машруботи аз ҳад зиёд дар ҳолати сахти мастӣ қарор дошта, ҳангоми ҳаракат ба замин афтодааст. Бо ин сабаб дастгиршуда Умед Боев ба ғазаб омада, ҷавондухтарро дашному ҳақоратҳои қабеҳ дода, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон ва ӯро мавриди лату кӯб қарор додаст.
Бо қарори суд Умед Боев ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шуда, ба Фотима Дӯстова ҷаримаи маъмурӣ таъин шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста