Мувофиқи санад ва маълумотномаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ, зарари ба табиат расонидаи номбурда 33 ҳазору 640 сомониро ташкил медиҳад.
Чанде пеш, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои муштарак аз ҷониби кормандони Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилӣ автомашинаи тамғаи “ГАЗ-3102” ба гумони сайди ғайриқонунии моҳӣ боздошт шуд. Дар дохили автамашина 580 адад моҳии навъи ширмоҳӣ будааст.
Тавре дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гузориш медиҳад, зимни санҷиш муайян карда шуд, ки моҳиҳои навъи ширмоҳӣ, ки вазнаш 30 килограммро ташкил медиҳад, ба зани 32-солаи сокини шаҳри Ҳисор тааллуқ дорад.
Ҳангоми бозҷӯӣ муаяйн карда шуд, ки ин зан моҳиҳоро аз шикорчӣ, марди 40-солаи сокини деҳаи Чинори шаҳри Ҳисор, ки аз дарё бо асбоби барқии манъкардашуда (электроудочка) сайд кардааст, харидорӣ намудааст.
Зарари он аз рӯйи ҳисоби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ 33 ҳазору 640 сомониро ташкил медиҳад.
Феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста