Миёни мухлисони футбол дар бозии дастаҳои маҳаллаҳои “Гулакен” ва “Хоруғи боло” баъди анҷоми бозӣ ҷанҷолу сангзанӣ ва муноқиша сурат гирифтааст, ки дар натиҷа 21 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Бино ба иттилои торнамои ВКД Тоҷикистон ин бозӣ бегоҳии 19 сентябр дар майдончаи варзишии мактаби миёнаи №2-и Хоруғ сурат гирифтааст.
ВКД хабар медиҳад, ки дар натиҷаи сангзанӣ “аз ҳарду ҷониб 21 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, 20 дона шишаи тирезаи мактаби №2, 7 шишаи хонаҳои истиқоматӣ, 6 автомашинаи шаҳрвандон зарари техникӣ бардошта, 6 адад тиреза ва 4 курсии варзишгоҳ, 5 дона шишаи тирезаи бинои БДА «Амонатбонк» шикаста шудааст".
Гуфта мешавад, ки вобаста ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ҳоло маълум нест, ки далели аслии ҷанҷол чист ва пушти ин қазия чӣ касоне қарор доранд. ВКД танҳо гуфтааст, ки “чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои ҷустуҷӯ намудани гунаҳгорон гузаронида шуда истодааст”.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста