Суди ҳарбии ҳавзаи шарқии Хабаровск шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар кишвари Олтой боздошт шуда буд, дар ҳамдастӣ бо террористон гунаҳкор эътироф кард, хабар додаанд ба “Интерфакс” аз маркази матбуоти Раёсати минтақавии Хадамоти федералии амният (ХФА)-и Русия рӯзи панҷшанбе.
“Ба Илҳомхӯҷа Иброҳимҷонов бо назардошти маҷмӯи ҷиноятҳои содиркарда ҷазои 12 соли зиндон таъин шуд, ки 3 соли аввалро дар маҳбас ва муҳлати боқимондаро дар зиндони низомаш сахт адо мекунад”, - гуфтаанд дар хадамот.
Корҳои тафтишоти парванда нисбат ба Иброҳимҷонов дар кишвари Олтой моҳи сентябри соли ҷорӣ ба анҷом расид.
Муфаттишон ошкор кардаанд, ки ӯ дар Барнаул бо патент кору зиндагӣ карда, бо аъзои созмони фаъолияташ манъшудаи “Давлати исломӣ” робита доштааст: розигӣ додааст, ки ба сафҳои ин созмон пайваста, ба минтақаи низоъ равад. Бо гирифтани мукофотпулӣ ӯ вазифаҳои ҷамъоварии маълумот дар бораи макони ҷамъшавии зиёди мардум (издиҳоми одамон) ва биноҳоро бо ҷузъиёти мавзеи ҷойгиршавиашон ҷамъоврӣ мекардааст.
Гуфта мешавад, ҳамаи ин амалҳоро ӯ бо ёрии шабакаи махсуси алоқаи дар Интернет таъсисдода барои ҳалли масоили марбут ба фаъолияти террористӣ анҷом медодааст.
“Ӯ дар фурудгоҳи Барнаул ҳангоми парвоз ба Маскав ва минбаъд сафар ба Ховари Миёна барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар ҳайати гурӯҳҳои мусаллаҳи созмони фаъолияташ дар Русия манъшудаи “Давлати исломӣ” дастгир шуд”, - иттилоъ медиҳад хадамоти матбуот.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста