Баҳром Иноятзода, шаҳрдори пешини Кӯлоб ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳукми ӯ имрӯз содир шуд. Сафар Холмадзода, судяи додгоҳи вилоятии Хатлон додраси ин парванда буд.
Парвандаи раиси пешини Кӯлоб дар додгоҳи минтақавии вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ мешуд.
Иноятзода бо 6 моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: суистифода аз ваколатҳои мансабӣ; гирифтани пора дар ҳаҷми бузург; аз они худ кардани молу мулки ба зимааш гузошташуда; қаллобӣ; ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ва қонунгардониии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада муттаҳам мешуд.
Ба ҷуз Баҳром Иноятзода чор нафари дигар низ дар ин парванда шомил буданд. Ҳоло маълум нест, ки додгоҳ дар нисбати онҳо чи ҳукме содир кардааст. Гумонбарони дигар дар ин парванда Хурсандалӣ Хурамов ронандаи Иноятзода бо ду модда: 247 қисми 2, (қаллобӣ), 36 (шарикӣ), 319 қисми 4; Фирӯз Қурбонов, сармутахассиси шуъбаи шаҳрсозии ҳукуматаи шаҳри Кӯлоб бо моддаҳои 36 қисми 2, 319 қисми 4; Ашӯрмадов Хуршед Ҳасанович, мудири қисми хоҷагии ҳукумати ин шаҳр бо моддаҳои 245 қисми 3, банди «а», 245 қисми 3, 323, Муҳаммадӣ Шамсиддинов,масъули ҳамлу нақли сангҳои ороишӣ барои таъмири бинои Ҳукумати шаҳри Кӯлоб бо моддаи 259 қисми 2 буданд.
Баҳром Иноятзода то омадан ба мақоми шаҳрдори Кӯлоб дар гузашта раиси шаҳри Истаравшан ва узви Маҷлиси Миллӣ буд.Номи ӯ дар моҳи феврали соли равон, замоне пурсарусадо шуд, ки моликони ширкати "Комил-2010", мансуб ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои президенти Тоҷикистонро танқид кард ва ӯро яке аз "Хоҷа Аҳрорвалиҳои нав" гуфт.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Вакилони парлумон қонунеро қабул карданд, ки барои воридоти аккумулятор пули “утилизатсия” ситонида мешавад
Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд
КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард
Таъини ҷазо барои истеҳсоли “криптовалюта” бо истифода аз “барқи дуздӣ”
Марги як корманди пешини ҳукумати Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш дар пайи заҳролудшавӣ
Дар Тоҷикистон чеҳраи нафақахӯронро шиносоӣ мекунанд
Муҳаммад Наимов баъди шикаст аз намояндаи Бразилия дар "UFC 323" чӣ қадар маблағ гирифт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 37
Мақомот сӯхтор дар ҳудуди бозори “Корвон"-ро шарҳ доданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста