Милитсияи шаҳри Хуҷанд се нафар ноболиғонро ба гумони даст доштан ба дуздӣ дар дорухонаҳо боздошт намуд.
Бино ба иттилои ВКД, ноболиғон яке 15 ва дуи дигар 17 сол доштаанд ва аз ду то чор маротиба барои дуздӣ суд шудаанд.
Гуфта мешавад, ин гумонбарон ҳамчун душвортарбия дар қайди милитсия қарор доранд. Агар ду навраси 17-сола 4 маротиба барои дуздӣ суд шуда бошанд, шарики 15-солаи онҳо ду маротиба бо ҷурми дуздӣ доғи судӣ гирифтааст. Ин навбат ба дуздии маблағи пулӣ аз дорухонаҳо иқдом кардаанд, ки бо усули шикастани қулфи дари даромад ё тиреза онро содир намудаанд.
Кормандони шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд дуздиҳои аввалҳои моҳи декабр содиршударо, ки тафтишоти пешакӣ 7 ҳолати дуздии маблағи пулӣ аз хазинаи дорухонаҳои ҳудуди шаҳри Хучанд ва 4 ҳамингуна ҳолатро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ошкор кард, ба ин наврасон нисбат медиҳад. Ва онҳо дуздиро бо маслиҳатҳои пешакӣ шабона содир мекардаанд.
Ба иттилои манбаъ, хазинаи 4 дорухона дар кӯчаи К.Хуҷандӣ, яктогӣ дар суроғаҳои кӯчаи Гагарин, маҳаллаҳои 32 ва 33 шаҳри Хуҷанд ба яғмо бурда шудааст. Камтарин зарар 400 сомонӣ ва аз ҳама бештар 1 700 сомонӣ арзёбӣ мешавад.
Шумораи дорухонаҳои зарардида, ки айни ҳол 11 адад мебошад, ниҳоӣ нест. Гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии Шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд дуздиҳои бо ҳамин шева содиршуда ва изи содиршавиашон ба услуби иттифоқи сегона ҳаммонандро бо методҳои оперативию криминалистӣ мавриди тафтиш ва коркардҳои иловагии оперативӣ қарор додааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста