ВКД аз боздошти як сокини ноҳияи Ёвон хабар медиҳад, ки дар як муоимилаи тиҷоратӣ 659 ҳазору 511 сомонӣ пули ҷавоҳироти тиллои як сокини Душанберо надодааст.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, ШВКД-1 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе як сокини 45-солаи ноҳияи Ёвонро боздошт кардааст, ки моҳи сентябри соли 2019 аз як сокини шаҳри Душанбе ҷавоҳироти тиллоияшро гирифтаву 725 ҳазору 560 сомонияшро баргардонидаву 659 ҳазору 511 сомонии дигарашро надодааст.
ВКД кирдори ин зани 45-соларо қаллобӣ унвон кардааст.
Ҳоло маълум нест, ки бар пояи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ё не, зеро ВКД танҳо гуфтааст, ки нафари гумонбар боздошт шуд ва ҳодисаро ин ниҳод тафтиш мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста