Пулиси Душанбе шахсияти чанд занеро, ки дар як навори видеоӣ ба ҳам дарафтода буданду дар нимашабе дар яке аз хиёбонҳо ҷанг мекарданд, маълум кардааст. Ин навор аз сӯйи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ забт шуда дар шабакаҳо сару садоҳоро ба бор оварда буд.
РВКД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, ки корҳои ҷустуҷӯйии онҳо маълум кардааст, ки ҳодисаи мазкур дар назди тарабхонаи «Самира» воқеъ дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сар задааст. Пулиси Душанбе ин ҳодисаро ҷинояти авбошӣ номида гуфтааст, ки "ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ шаҳрвандони зерин дастгир шудаанд":
Қарахонова Зарина Файзиддиновнаи 24-сола сокини шаҳри Душанбе, Фирӯзаи Маҳмадмусои 22-сола ва Тағойбекова Тожиниссо Намозовнаи 24-сола сокинони ноҳияи Рӯдакӣ.
Ба навиштаи РАВКД Душанбе "зимни пурсиш муайян карда шуд, ки номбурдагон санаи 25-уми декабри соли 2020 тахминан соати 02:00 дақиқа ҳангоми дар маҳаллаи Гипрозем қарор доштанашон аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, шаҳрванд Шукронаи Азизулло санаи таваллудаш 09.08.2000, истиқоматкунандаи ш. Душанбе кӯчаи А. Деҳотиро мавриди латукуб қарор додаанд".
Бино ба иттилои дарёфтӣ нисбат ба ин сенафари боздоштшуда бар асоси моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Пулис дар ин навиштааш аз бетаваҷҷуҳии мардум роҳгузар ҳангоми сар задани ҳодисаи мазкур изҳори нигаронӣ кардааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста