Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар рӯзи нахусти даъвати сарбозон ба артиш нақшаи даъватро дар сар то сари вилоят беш аз 100% иҷро кардааст. Дар ин бора ба "Азия-Плюс" сухангӯйи раиси ВМКБ Ғолиб Ниятбеков хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, шаҳри Хоруг, ноҳияи Дарвозу Ванҷ, Шуғнон, Мурғоб, Рӯшон, Ишкошим, Роштқалъа нақшаи даъватро дар яум рӯзи якум 100 фоиз иҷро намуданд.
Гуфта мешавад, ки фардо сафарбаркунии ҷавонон оғоз гардида, тайи як маросими хос дар шаҳри Хоруғ бо ширкати раиси вилоят Ёдгор Файзов наваскарон ба хидмати Ватан гусел карда мешаванд.
Ниятбеков инчунин илова кард, ки таҳти роҳбарии раиси вилоят Ёдгор Файзов ситод оид ба сафарбаркунии ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ таъсис гардида буд, ки роҳбарии онро худи раиси вилоят бар дӯш доштааст. Ба гуфтаи ин масъул, раиси вилоят дар ин муддат бо раисони шаҳру ноҳияҳо ва ҷавонон моҳе ду маротиба вохӯрӣ намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидаанд.
Бояд гуфт, ки соли сеюм аст, ки ВМКБ даъвати наваскаронро дар сатҳи ҷумҳурӣ нахустин шуда иҷро мекунанд. Соли гузашта низ ВМКБ даъвати баҳориро дар як рӯз пурра иҷро карда буд ва он вақт гуфта мешуд, ки фарзандони 32 нафар хидматчиёни давлатӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Муссалаҳи Тоҷикистон шомил шудаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста