ВКД Тоҷикистон нисбат ба соҳиби нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС) дар Душанбе, ки рӯзи 1 май дар он сӯхтору таркиш ба амал омад, мутобиқи моддаи 192, қ.2 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои зидди сӯхтор) парвандаи ҷиноятӣ боз намуд.
Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар дода буд, бар асари сӯхтор ва таркиш дар ин нуқта 29 нафар осеб диданд.
Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба сокини Душанбе, Эҳсонҷон Розиқови 33-сола тааллуқ дорад, ки нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
“Дар ин моддаи КҶ Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба маблағи аз 48 то 60 ҳазор сомонӣ ва маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 2 сол пешбинӣ шудааст”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон.
Қаблан ВКД Тоҷикистон хабар дода буд, ки сӯхтор бар асари риоя накардани меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ сар зада, оташ майдони зиёда аз 90 метри мураббаъ бо 60 тонна захираи маводҳои сӯзишвориро фаро гирифт.
Ёдрас мекунем, ки 1 май тахминан соати 18-30 дақиқа дар Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, воқеъ дар маҳаллаи Испечак 2-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, сӯхтор ба амал омад.
Барои хомӯш кардани сӯхтор 31 дастаи Хадамоти оташнишонӣ ва 9 мошини ёрии таъҷилӣ сафарбар шуда, соати 22:12 сӯхтор ба пуррагӣ хомӯш карда шуд.
Ҳамаи осебдидагон ба Маркази тиббии №3 ва Муассисаи давлатии Маркази миллиии Шифобахш (Қарияи Боло) интиқол дода шуданд.
22 нафари ба бемористонҳо интиқолёфта, пас аз ёрии аввали тиббӣ ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуда, боқимонда зери муоинаи табибон қарор доранд. Вазъи 2 нафарашонро табибон вазнин арзёбӣ мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2025
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста