Саиднуриддин Шамсиддинов вакили мудофееро, ки ҳоло дар зиндон аст ва дар гузашта ба унвони судиҷрочӣ ҳам кор кардааст, 7 соли дигари зиндон таҳдиди мекунад. Додситони шаҳри Бохтар дар ҷаласаи ахири додгоҳӣ хостааст, ки ба ӯро барои 7 соли дигар ҳам ҳабс кунанд.
Шамсиддинов соли гузашта бо гуноҳи хариду фурӯши замин, қаллобӣ ва паҳн кардани маълумоти дурӯғ 8,5 сол равонаи зиндон карда буданд.
Ҳоло мақомот ӯро ба ҳамкорӣ бо "гуруҳҳои ифротгаро" гумонбар медонанд. Шамсиддинов дар гузашта бо имзои Саиди Садр дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз рафтори баъзе додситону додрасҳо шикоят мекард.
Радиои "Озодӣ" бо ткя ба як манбааш дар Додгоҳи шаҳри Бохтар рӯзи 22-юми ноябр хабар додааст, додситон рӯзи панҷшанбе, 18-уми ноябр, Шамсиддиновро бар асоси парвандаи нав ба ҳамкорӣ бо созмони дар кишвар мамнӯи "Гуруҳи 24" гунаҳкор донистааст. Аммо бино ба иттилои "Озодӣ" масъулони "Гуруҳи 24" моҳи июни имсол дар эъломияе ҳамкорӣ ё робита доштани вакилу судиҷрочии собиқро бо созмон рад карда буданд.
Худи Шамсиддинов ва наздиконаш парвандаҳоро алайҳи ӯ иттиҳом медонанд ва дар чандин муроҷиат аз раисҷумҳури Тоҷикистон хоҳиш кардаанд, ки қазияи ӯро таҳти назорат бигиранд ва нагузорад, ки қурбони беадолатӣ шавад.
Қамариддин Шамсиддинов, бародари Саиднуриддин Шамсиддинов, гуфтааст, ки дар мурофиа ҳузур дошт, аммо пешниҳоди онҳо дар мавриди иштироки хабарнигорон ва гузоштани дастгоҳи наворбардорӣ қабул нашуд.
"Навори кумакхоҳии Саиднуриддин аз президент ва раиси Маҷлиси Миллӣ барои одилона баррасӣ шудани парвандааш хашми додситонро бештар кард. Вай бо садои баланд гуфт, "ту чӣ ҳақ дорӣ, ки навор пахш карда, кумак пурсӣ?" Баъд аз ин, ба ҳамкорӣ бо "Паймони миллӣ" ҳам муттаҳам кард ва аз додрас хост, ҷазо диҳад," -- нақл қавл кардааст "Озодӣ" аз забони Қамариддин Шамсиддинов.
Навори кумакхоҳии Саиднуриддин Шамсиддинов аз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Маҷлиси Миллӣ рӯзи 19-уми ноябр ва навори ҳамсараш рӯзи 22-юми ноябр дар Интернет ба гардиш даромад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
С




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста