Сардори шуъбаи кадрҳои КВД “Нақлиёти махсуси партовҳои сахти маишӣ”-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Саодат Ҳомидова ба порагирӣ гумонбар дониста мешавад.
Тавре ки Агении зиддифасоди кишвар хабар медиҳад, дар давраи ифои вазифа дар ин мансаб ӯ барои бо роҳи сохтакории хизматӣ тартиб додани дафтарчаи меҳнатӣ оид ба собиқаи хизматӣ аз як шаҳрванд 4 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.
Гуфта мешавад, аз маблағи талабнамудааш 1 ҳазор сомониашро гирифта, боз оварда додани боқимонда маблағи 3 ҳазор дигарро талаб намудааст.
“Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Ҳомидова баъди гирифтани 3 ҳазор дар ҷойи ҳодиса боздошт гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд”, - омадааст дар хабари Агентӣ.
Зикр мегардад, ки вобаста ба ин ҳолат нисбат ба Саодат Ҳомидова бо моддаи 319 қ.2-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад. Дар ин модда аз 3650 то 9125 нишондиҳанда барои ҳисоб ҷарима ё 5 соли зиндон бо маҳрум шудан аз ҳаққи ишғоли вазифаҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то 3 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, дар нишасти рӯзи 2 феврали Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон роҳбари ин ниҳод Сулаймон Султонзода хабар дод, ки соли гузашта аз ҷониби кормандони Агентӣ 2088 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ошкор шудааст, ки дар содир намудани он он 1274 шаҳрванд даст доштаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста