Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшинос ва вакили дифоъ Мадина Отабоева буд. Мавзуи суҳбат бо Мадина «Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар масоили расмиёти маъмурӣ” буд.
Фишурдаи ин суҳбат, ҳар ҳафта пас аз барномаи радиоӣ дар шакли саволу ҷавоб дар сайти "Азия-Плюс" ҳам пешниҳод мешавад.
Мадина Отабоева гуфт, ки Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007-ум қабул шуда, тартиби таҳия, қабул ва иҷрои санадҳои ҳуқуқии маъмурӣ, баррасии ариза ва шикоятҳои маъмурӣ, мурофиаи расмиёти маъмурӣ дар суд, ҳамкории мақомоти маъмуриро муайян менамояд. Ба назари Отабоева мисли ҳар санадҳои дигари ҳуқуқӣ мақсади Кодекс таъмини риояи волоияти қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои ҷамъият, давлат ва шахсони ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти маъмурӣ мебошад.
Ба назари ин ҳуқушинос, меъёрҳои Кодекси расмиёти маъмурииТоҷикистон дар мақомоти маъмурӣ-мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи шаҳраку деҳот, инчунин ҳама гуна шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ дар асоси қонун ваколатҳои оммавии ҳуқуқиро татбиқ менамоянд.
Отабоева гуфт, ки доираи амали ин кодекс фаъолияти мақомоти маъмурриро фаро гирифта, ба фаъолияти мақомоти давлатии зерин дахл надорад:
• Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
• Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
• Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун муайян намудааст;
• Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои ҳолатҳое, ки боби 6-уми Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст;
• Мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Амали ин Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати ҳалли баҳсҳои маъмурӣ байни мақомоти маъмурӣ нисбати тақсими ваколатҳо, афзалиятнокии санадҳои ҳуқуқии маъмурии қабулгардида ва шикоят намудан аз болои санадҳои ҳуқуқии маъмурӣ, амалҳои мақомоти маъмурӣ ва шахсони мансабдори ин мақомот вобаста ба иҷрои вазифаҳои маъмурӣ, инчунин дар фаъолияти судҳо ҳангоми гузаронидани мурофиаи расмиёти маъмурӣ дар суд татбиқ мегардад,-гуфт ин вакили дифоъ.
Отабоева дар посухи ба суоли, ин ки аксар шаҳрвандон тафовути байни расмиёти маъмурӣ ва ҷиноиро дарк намекунанд, гуфт ки амали кодекс ба фаъолияти мақомоти маъмурӣ дар мавридҳои зерин марбут намешавад:
• таъқиби ҷиноии шахсон вобаста ба содир намудани ҷиноят ва истеҳсолоти парвандаи ҷиноятӣ;
• фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ;
• иҷрои ҳукм ё ҳалномаи ба қувваи қонунӣ даромадаи суд;
• қабули қарор оид ба масъалаҳои ҳарбӣ;
• татбиқи сиёсати хориҷӣ.
Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.




Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста