Раиси бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Панҷакент, Афзалшоҳ Дӯстзода аз сӯйи мақомоти милисаи шаҳри Панҷакент боздошт шудааст. Ин хабарро як манбаъ дар Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Панҷакент таъйид мекунад.
Манбаъ аз мақомоти милитсияи Панҷакент гуфт, ки Дӯстзода ба қаллобӣ гумонбар аст ва барои ҳамин дастгир шудааст.
"Ӯ аз як нафар бо ваъдаи омода кардани билети ҳарбӣ як миқдор маблағ мегирад. Ҳол он, ки ин гуна ваколатро Дӯстзода надорад, - гуфт манбаъи "Азия-Плюс".
Бино ба маълумоти дарёфтӣ, боздошти Афзалшоҳ Дӯстзода рӯзи 25-уми май сурат гирифтааст, ки гуфта мешавад ӯ дар асоси аризаи шикоятӣ боздошт шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, дар ҳоли ҳозир Дӯстзода дар боздошт, дар ШВКД Панҷакент қарор дорад.
Дар ҳоли ҳозир назари наздикони Дӯстзода дастрас нест, талошҳои мо барои дарёфти мавқеи онҳо натиҷа надод.
Санъат Тоҳирзода, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент дар суҳбат "Азия-Плюс" гуфт ҳоло ягон маълумоти расмӣ наомадааст ва дар ин бора чизе гуфта наметавонад.
Мирзоқосим Каримзода, сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд низ аз қазия изҳорӣ бехабарӣ кард ва гуфт, ки маълумотро санҷида иловатан хабар медиҳад.
Афзалшоҳ Дӯстзода моҳи марти имсол дар ин мақом таъин шуда буд. Аз ин пеш дар мақомҳои ёвари раиси шаҳри Панҷакент ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҳукумати шаҳри Панҷакент низ кор мекард.
Дар ҳоло ҳозир маълум нест, ки нисбати Афзалошоҳ Дӯстзода, парвандаи боз шудааст ё не. Манбаъ мегӯяд дар феълан санҷиш ва тафтиши қазия идома дорад.
Боздошти Дӯстзода дар ҳолест, ки дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Нерӯҳои мусаллаҳ то кунун иҷро нашудааст.
Нақшаи даъват ба артиш, ки якуми апрел оғоз шуд ва то охири моҳи май давом мекунад, ки дар ҳоло ҳозр бино ба иттилои Вазорати то 23-юми май дар сар то сари кишвар 94 дар сад иҷро шудаас, ки дар сатҳи минтақаҳо чунин аст: ВМКБ - 100%, Душанбе - 100%, дар вилояти Суғд 90 дарсад, вилояти Хатлон 94 дарсад ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 93 дарсад иҷро шудааст.
Ҳаёти марде, ки ба ҳар тавсиф меарзад
Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”
Дар Душанбе нимпайкараи Одина Ҳошим, фалаксарои машҳур қомат афрохт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 2
“Танҳо шабона”. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, маҳдудияти интиқоли барқ бекор шудааст
Яке аз куҳантарин рӯзноманигорони Тоҷикистон Олег Соболев даргузашт
Фонди хайриявии “Музаффар” намоишгоҳи гулу растанӣ - “НЕКӢ БИКОР” баргузор мекунад
Фурудгоҳи Душанбе ба далели нишасти "хатарнок"-и ҳавопаймои эронӣ беш аз 6 соат аз фаъолият боз мондааст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2025
Зидди ҳама. “Ҷанги тиҷоратӣ”-и Доналд Трамп ба минтақа ва Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста